Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон
Ёвон, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон ҷашни Наврӯзи аҷам дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҷабалӣ Тағоев ва раиси ноҳия Амирбеки Темур сокинону меҳмононро бо ҷашни Наврӯзи аҷам шодбош гуфта, барояшон хушбахтӣ ва дар зиндагияшон тинҷию оромиро таманно намуданд.
Дар ин рӯз бо иштироки меҳмонон тӯйи хатнасури 150 нафар кӯдак ва ҷашни арӯсии 10 ҷуфти навхонадор гузаронида шуда, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Ҳамчунин дар рӯзҳои наврӯзи аз ҳисоби саховатмандон ва соҳибкорон ба Хонаинтернати ноҳия ва қисмҳои низомӣ дастархони идона густурда, ба маъюбону ятимон ва иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои пулӣ расонида шуд.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон тантанаҳои наврӯзӣ то рӯзи 24-уми март идома меёбанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






