Таҷлили Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Благовешенски Русия

Март 26, 2016 11:43

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғулғулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Душанбе, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳама ақсои олам, бахусус дар кишварҳое, ки мардумони ҳавзаи Наврӯз умр ба сар мебаранд, хоҳ дар Тоҷикистони азизу хоҳ дар Эрон ва хоҳ Канадаву хоҳ Русия, ҳама ҷо сухан аз Наврӯз асту аз зебоиҳои ин ҷашни некиву хайрхоҳиву сабзу хуррам гаштанҳои рӯи олам.
Наврӯз шояд дар рӯи олам ягона ҷашне бошад, ки ин қадар мардумон бесаброна мунтазираш мешаванду ба истиқболаш ҳанӯз 10-12 рӯз пеш омодагӣ мегиранд, яъне, қабл аз ҳама, худро пок месозанду гандумро покиза шуставу тоза кардаву бо ҳазор умеду ниятҳои нек ба зарфҳои махсус ё лаълиҳо гирифта, месабзонанд. Сабзонидани гандум ба ҷуз омода кардани суманак ё сималак рамзи кушоишу сарсабзиву баракати зиндагонӣ ҳаст. Имрӯз мо шукр мегӯем аз он, ки маҳз бо соҳибистиқлолии кишвар ва ҷидду ҷаҳди ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои миллиамон умри дубора ёфтанду имрӯз мардуми тоҷик дар саросари олам метавонад маҳз бо намоиши чорабиниҳои фарҳангӣ ва оинҳои миллиамон худро ҳамчун миллати дорои таърихи куҳан муаррифӣ намояд.
Агар гузори касе ба Благовешенск ё аниқтараш вилояти Амур афтода бошад, хуб медонад, ки дар ин шаҳри дури соҳили дарёи бузурги Амур, ки шаҳрро аз Ҷумҳурии мардумии Чин ҷудо мекунад, ҳамватанони мо дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда, ҳамеша паи ҳифзу гиромӣ доштани ҳама рукнҳои милливу ватандорӣ мебошанд. Тӯли панҷ сол аст, ки дар ин шаҳри канори Амур Наврӯзи Аҷам бо риояи ҳама оинҳояш якдилонаву сарҷамъона ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз базмгоҳи наврӯзиро гӯшаи махсусе, ки дар он либосҳои миллӣ гузошта шуда буд, дастурхони идонае, ки аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ғанӣ буд ва паҳлавонони зиёде аз гӯшаҳои гуногуни Шарқи Дур зебу фар мебахшиданд. Меҳмонон ба намоиши либосҳо ва таомҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, бо чашидани суманак ҳайрон мешуданд, ки чӣ сон аз сабзаи гандум чунин як хӯроки малакутӣ ва болаззат омода мегардад ва пайваста аз соҳибони ҷашн тарзи тайёр кардани ин хӯроки серғизоро пурсон мешуданд. Рӯзноманигорони зиёде аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиву рӯзномаҳои шаҳру вилоят даъват гардида буданду бо шавқу завқ ба маҳорати дасти бонувони тоҷик, сарҷамъиву дӯстдори ватану оинҳои миллӣ будани ҳамватанонамон нигариста, баҳои баланд медоданд. Дар ин рӯз дар тамоми расонаҳои хабарии Благовешенск намоишу гуфторҳо дар бораи Наврӯзи тоҷикон ба самъи бинандагону шунавандагону хонандагон расонида шуд. Дар як гӯшаи базмгоҳ писарбачаҳо ба тухмбозӣ машғул буданду дар гӯшаи дигар маросими саршӯёни арӯс дар иҳотаи дугонаҳояш ва пешвоз гирифтани шаҳбача ба қалбҳои мардум фараҳ ато мекард ва ин лаҳзаҳо кас худро дар як гӯшаи зебову дилпазири Тоҷикистони ба ҷон баробарамон тасаввур мекард.
Ҳунарнамоии аъзои дастаи ҳунарии ҷамъияти тоҷикони Благовешенск бо сурудҳои марғуб ба базм шукӯҳи хубе бахшид. Раҳматҷон Аҳмадов тавонист, ки аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту фаъоли тоҷикистонӣ ҷамъияти муваффақеро таъсис диҳад. Амиршо Каримов ном варзишгари тоҷик бо ҳунарнамоии намуди кёкушинкай бо ҳамроҳии шогирдонаш ва дигар паҳлавонони мағлубнопазири тоҷик нишон доданд, ки мардуми тоҷик дӯстдори ватану варзишу зебоиву далерӣ буда, дар ҳама ҷо метавонанд худро чун миллати асилзодаву соҳибтамаддуну ориёнажод муаррифӣ намоянд.
Хуллас Наврӯзи Благовешенск ба як ҷашни сарҷамъиву шодиву нишоту ҳамдилии ҳамватанон ва дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани миллату ватанамон табдил ёфт.

Садбарг Боқиева
Душанбе-Благовещенск

Март 26, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад