Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Хуҷанд

Март 23, 2016 08:12

Хуҷанд. 23.03.2016. (АМИТ “Ховар”). 21 март дар маркази вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Наврӯзи ҷаҳониро бо як шукӯҳи хосса таҷлил намуданд. Соли равон чорабинии асосии шаҳрӣ назди театри мазҳакавию мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардид. Аз субҳи барвақт баҳри таҷлили Наврӯзи аҷам сокинону меҳмонони зиёде ҷамъ омада буданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо меҳмонон аз шаҳрҳои Могилеви Ҷумҳурии Белорус, Уралски ФР ва дигарон аз хаймаю гӯшаҳои идонаи наврӯзии корхонаю муассисаҳо ва таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус дидан намуд. Раиси шаҳр ва меҳмонон ба маҳсули меҳнати эҷодкорон ва растаҳои ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, муассисаҳои таълимии эҷодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар намоиш ҳунарҳои миллии сокинони 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ҳунарҳое, ки замоне ба гӯшаи фармӯшӣ рафта буданд ба маъраз гузошта шуда буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми иштирокдорон ва меҳмонони чорабиниҳои наврӯзии маркази вилоятро бо ин танатанаҳои бошукӯҳ табрик намуда, баён дошт, ки маҳз бо кӯшиши пайваста ва иқдоми ватанпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо карда, соли 2010 бо қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун иди арзишманд ва мероси тамаддуни башарӣ эълон гардид.

Март 23, 2016 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид