Тоҷикистон ва Амрико: ҳамкорӣ ба хотири ояндаи дурахшон

Март 17, 2016 16:31

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бароям боиси ифтихори бузург аст, ки ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидам, ки он ба таҷлили 25-умин солгарди , муносибатҳои дипломатӣ рост омад. Шарафёб шудам, ки тӯли 23 сол ҳамчун корманди хадамоти дипломатӣ ба кишварам хизмат намоям. Фаъолиятам дар хадамоти дипломатии ИМА маро ба мавзеҳои зиёди дилписанд, ба мисли Чехия, Дания, Ҳиндустон, Қазоқистон, Марокаш ва Непал сафарбар намуд. Вале он ҳаяҷон, ки имруз маро фаро гирифтааст, қаблан эҳсос накардаам. Сафари навбатиам маро ба як кишвари дорои манзараи дилфиреби кӯҳӣ, фарҳанги ғанӣ ва мардуми меҳрубон овардааст.

Сафири ИМА будан – ин на танҳо шарафи бузург аст, инчунин бар дӯш гирифтани масъулияти бузург. Бо ифтихор мегӯям, ки фаъолияти маро омодагии қавӣ ва устувор дар ҷодаи рушди арзишҳои умумии демократӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон муайян месозад. Моҳи октябри соли гузашта Котиби давлатӣ Керриро ҳангоми сафари нахустинаш ба Душанбе ҳамроҳӣ намудам. Зимни ташрифи худ ба минтақа, ӯ мулоқоти таърихиро вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ доир намуд, ки дар рафти он стратегияи бузургро барои оянда таҳия намудем. Ман ният дорам, ки минбаъд ҳам ба ӯҳдадориҳои мазкур такя намоям. Тавассути онҳо, мо метавонем бо Тоҷикистон ва ҳамсояҳои он дар самти таҳкими амният, сулҳу субот ва рушд дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намоем.

Боиси хушҳолии ман буд, қаблан дар Осиёи Марказӣ ба ҳайси муовини Сардори намояндагии ИМА дар Остона, Қазоқистон адои вазифа намудам. Инчунин ҳангоми фаъолияти хизматиам дар Вашингтон масоили марбут ба Осиёи Марказиро ба дӯш доштам ва ин таҷриба имконияти хубро дар беҳтар дарк намудани мушкилот, ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, фароҳам меоварад. Ҳангоми адои вазифаам ҳамчун сафир, умедворам, ки ҳамкории худро бо Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон на танҳо дар ба даст овардани манофеи муштаракамон дар самти сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ, инчунин оид ба дигар масоили мубрам, аз қабили эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии сухан, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва садоқат ба демократия густариш хоҳем дод.

ИМА аз ҳадафҳои Тоҷикистон дар соҳаи амният, ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ ҷонибдорӣ мекунад. Аз оғози барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 то инҷониб, беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷиҳати расонидани кӯмак ба Тоҷикистон ҷудо намудем. Маблағи номбурда бо мақсади беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, таҳким додани соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, рушди ҳокимияти маҳалливу ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва таҳкими амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад.

Чунин мушкилоти минтақавӣ, мисоли терроризм ва ифротгароии хусуматомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон боиси нигаронии на танҳо Тоҷикистон, балки ИМА низ гаштаанд. Дар доираи ташаббусҳои васеъ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикони байналмилалӣ, Сафорати ИМА ба Тоҷикистон дар таҳкими иқтидораш  дар роҳи дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдидҳои асосноки дохилӣ ва берунӣ бо риоя намудани ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун мусоидат менамояд. Ин ташаббусҳо ҳадафҳои умумии моро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он дастгирӣ мекунанд. Фаъолияти хешро ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мазкур ва густариши мушорикати устувори мо дар соҳаи амният равона хоҳам кард.

ИМА дар роҳи таъмини ояндаи осоишта, озод ва дурахшон дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тоҷикистон амну субот ва шукуфоиро ба муддати тӯлонӣ метавонад танҳо тавассути иродаи қавӣ дар беҳтар намудани идоракунӣ, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисод, фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардуми ин кишвар ба даст оварад. Намояндагии ИМА дар Тоҷикистон аз анъанаи ҳифз намудани ҳуқуқи инсон ва дигар принсипҳои асосӣ, ки шарти муҳими рушди боадолат ва нумӯи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҷонибдорӣ мекунад. Барномаҳои кӯмакрасони ИМА дар Тоҷикистон дар асоси принсипи муштарак, ки ҳар як фард ба зиндагии бошараф, ба ҳаёт бидуни табъиз ва зӯроварӣ, интихоби озодҳақ дорад, фаъолият мекунанд. Мо ният дорем, ки кӯмаки худро дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои калидии инсон, аз ҷумла озодии дин идома дода, кӯшишҳои Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ифротгароии хусуматомез дастгирӣ намоем.

Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки Тоҷикистонро дар баланд бардоштани рушди иқтисодиаш омода созем. Чун ба таърих назар меафканем, шоҳиди он мегардем, ки дар гузашта миллати тоҷик асосан машғули тиҷорат буд ва имрӯз мо бо Ҳукумат, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, соҳибкорон барои беҳтар намудани фазои минбаъдаи соҳибкорӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ дар ин ба кишвар ҳамкорӣ менамоем. Мақсад аз густариш додани ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамсояҳои Тоҷикистон – васеъ намудани имкониятҳо барои рушд ва таъмини амният дар минтақа аст. Инчунин Тоҷикистон барои ташаббусҳои минтақавӣ ба мисли ташаббуси Роҳи Нави Абрешим шарики калидист. Тоҷикистон Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ ва кишварҳои берун аз онро тавассути хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва коридорҳои транзитӣ ба монанди онҳое, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 бунёд гардидаанд, пайваст мекунад.

Дар фарҷом, мехостам таъкид намоям, ки мардуми Амрико ва Тоҷикистон барои бунёди ояндаи дурахшон бо беҳтарин имкониятҳо барои насли ояндаи худ хоҳишу нияти муштарак доранд. Ман панҷ фарзандамро ба воя расонидам ва айни ҳол шаш набераи латиф дорам. Ҳар рӯз онҳо дар фикру хаёлам қарор доранд ва дар фикри онам, ки чи тавр метавонам ба онҳо кӯмак расонам, то тавонанд дар рушди ҷомеа ҳамчун шаҳрванд саҳми худро гузоранд. Хушбахтӣ ва муваффақияти онҳоро хоҳонам. Медонам ки халқи тоҷик низ мисли ман аз хонавода ва фарзандонаш ғамхорӣ мекунад. Аз ин лиҳоз ҳамкории бевосита бо халқи тоҷик бароям яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷааст. Муносибатҳо миёни мардум асоси кӯшишҳои дипломатии моро ташкил медиҳанд. Ман интизори онам, ки бо сафарҳои мунтазам аз кишвари шумо дидан намоям,то имконият пайдо намоям, ки бо халқи тоҷик аз табақаҳои гуногун вохӯрда, фикру мулоҳизаҳоро оид ба бунёди ояндаи нек ва таҳкими робитаҳо байни мардуми Амрико ва Тоҷикистон пайдо намоям.

Дар тӯли будубошам дар Тоҷикистон ҳафт Гӯшаи амрикоии мо чун ҳарвақта дарҳои худро ба рӯи меҳмонони тоҷик аз саросари кишвар боз нигоҳ дошта, онҳоро ба Гӯшаи мазкур бо мақсади ба таври ройгон омӯхтани забони англисӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва гирифтани маълумот дар бораи таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват менамояд. Олимон ва ходимони фарҳангии Амрикоро ба Тоҷикистон даъват менамоем ва саъю кӯшиш, мекунем ки ҳарчи бештар олимон ва мутахассисони тоҷикро ба Иёлоти Муттаҳида сафарбар намоем. Мубодилаҳои мазкур ба ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд. Тоҷикистон — кишвари ҷавони меҳнатдӯст ва лаёқатманд мебошад. Ҳамчун модар ва модаркалон кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки барои занон имконоти нав фароҳам оварам ва ба насли ояндаи тоҷикон барои расидан ба иқтидори пурраи худ мусоидат намоям. Бесаброна интизори онам, ки дар моҳҳо ва солҳои наздик бо Шумо вохӯрам.

Бароям боиси хурсандӣ ва шарафмандист, ки ба ҳайси сафири ИМА дар Тоҷикистон адои вазифа менамоям. Ҳарчи зудтар мунтазири таҳқиқи ин кишвари зебо ҳастам. Ният дорам, ки тавассути ҳамкориҳои фаъол бо Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаро боз ҳам густариш диҳем. Дар давоми 25 соли муносибатҳоямон корҳои зиёдеро анҷом додаем, ва мехостам шоҳиди он дастовардҳое, ки дар тӯли 25 соли дигар ба даст хоҳем овард, гардам!

Мақолаи муқаддимавии сафири ИМА дар Тоҷикистон  Элизабет Миллард

Март 17, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд