«Умед Транс» ҷазои маъмурӣ мегирад

Март 15, 2016 10:22

Душанбе, 15.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар саркашӣ кардани ширкати «Умед транс»-ро дар мавриди напардохтани боҷи гумрукӣ ошкор карданд.
Ширкати мазкур ҳангоми воридоти молҳои ниёзи мардум ба расмиятдарории гумрукиро анҷом намедиҳад, ки ҳоло нисбат ба он аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Ширкати «Умед Транс» аз Чин тавассути ду воситаи нақлиёти тамғаи «Дулон», рақами қайди давлатиашон ТҶ 72-81 ва 72- 30 ВА аз тариқи дидбонгоҳи гумрукии Раёсати минтақавии гумрукии ВМКБ ба дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и шаҳри Душанбе мол интиқол додааст. Ин ширкат дар мӯҳлати муайяннамудаи қонунгузории гумрукии кишвар, яъне -15-рӯз барои ба расмиёти гумрукӣ даровардан ба мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳои молҳои вориднамудаашро пешниҳод накардааст. Зимни тафтишот маълум мегардад, ки соҳибкор аз Чин молҳои ниёзи мардумро бо вазни 149 ҳазору 760 кг ворид намудааст. Соҳибкор муҳлати пешниҳоди эъломияи гумрукиро вайрон намудааст, ки ҷавобгарии он мутобиқи моддаи 129-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Март 15, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад