Ба донишҷӯёни ДСРТ тарзи дурусти пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ фаҳмонида шуд

Апрель 26, 2016 17:33

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Масоили марбут ба раъйпурсии қарибулвуқўи умумихалқӣ, ки 22 май дар кишвар баргузор мегардад, имрӯз зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни   Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон  баррасӣ  гардид.  Дар он масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Корманди Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҷамшед Ҷамшедов оид ба моҳият ва мақсади баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Зикр шуд, ки то баргузории раъйпурсии умумихалқӣ рӯзҳои башумор мондаанд ва дар айни замон бо мақсади огоҳонидани сокинони кишвар масъулини вазорату идораҳо корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронида истодаанд.
Инчунин дар вохӯрии имрӯза масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷавонон оқибатҳои гаравиш ба гурӯҳҳои ифротгаро ва пешгирии раванди шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳоро фаҳмониданд. Зикр гардид, ки ҷавонону наврасон бояд маърифату маънавиёти худро комил сохта, ҳамчун як фарди соҳибмаърифат ва мутахассиси варзида ба Ватану миллати хеш хизмат намоянд.
Дар вохӯрӣ ба донишҷӯён тарзи дурусти пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ ва зарурати иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаҳмонида шуд.

Апрель 26, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд