Беш аз 50 миллион еврои Олмон барои рушди бахши иҷтимоӣ
Душанбе, 6.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар зарфи ду соли оянда барои рушди бахши иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 54,5 миллион евро грант ҷудо менамояд.
Дар иртибот ба ин 6 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ду Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории моливӣ ва техникиро ба тасвиб расонданд.
Неъматулло Ҳикматуллозода- Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар зимни шарҳи созишномаҳо гуфт, ки санадҳои мазкур бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонидани лоиҳаи молиявии хусусияти иҷтимоидошта ба имзо расонида шудаанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар афзуд, ки маблағҳои грантии Олмон асосан ба рушди устувори иқтисодиёт, беҳдошти бахши иҷтимоӣ, сохтмони манзилҳои дастрас, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва шабакаҳои обрасонӣ нигаронида шуда, онҳо аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавии Тоҷикистон дар зарфи ду соли оянда амалӣ гардонида мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид






