Нигоҳе ба чеҳраи манфури терроризм

Апрель 15, 2016 12:15

Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Терроризм ва мавқеияти иҷтимоӣ ва сиёсии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Таассуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад аҳли гуфтугў нест. Гуфтугў бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати ӯ маҳз аст ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарк ва бардошташон аз воқеиятҳо сатҳӣ ва нодуруст аст. Шарт аст донем, ки шахси худкуш (оне, ки худро мунфаҷир мекунад), то кадом ҳад аз масоили динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқатҷўӣ, аз фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад.

Терроризми имрўз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат ва даҳшатафканӣ тавассути расонаҳои иттилоотист. Расонаҳо дар навбати худ дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидоти террористҳо дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар дили одамон ҷо менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Имрўз терроризм тобиши мазҳабӣ дорад. Дар асоси паймони  мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамояд. Бино ба таҳлилҳои дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро афроди мазҳабӣ ташкил медод. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм ин терроризми мазҳабӣ аст.

Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи «уммат»-и исломӣ аҳамият дорад. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти Қуръон ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд. Шак нест, ки терроризм пайгири нест кардани назми иҷтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма аст.

Калимаи терроризм нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст.

Хушунат, қурбонии ғайринизомиён, ваҳшатофаринӣ, такони равонӣ, ангезаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, шахсӣ, иқдомоти ғайриқонунӣ, баъди амали террористӣ содир кардани эъломия ва ба уҳда гирифтани масъулияти амали террористӣ, кўшиши самтбахшии афкори омма ҷанбаҳои асосии терроризм мебошанд.

Иттиҳоди Аврупо аз 30 кишвари аврупоӣ ташкил ёфта, яке аз қудратҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрўз аст. Худи қитъаи Аврупо дорои 50 кишвар ва 60 миллат ҳаст. Дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо терроризмро ҷурм эълон намуда, муҷозоти онро дар қонунҳои ҷазоияшон пешбинӣ намудаанд.

Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо бо як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан террористҳо афроди тундраву бераҳм ҳастанд ва ҳамеша ваҳшиёна амал мекунанд.

 

Аз рӯи ҷуғрофиё терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад. Вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, мазҳабӣ, миллигаро, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм, терроризми ҳастаӣ (кимиёвию биологӣ) ва терроризми лафзӣ  ҷудо менамоянд.

Бераҳмтарин навъи терроризм терроризми мазҳабист. Террористони мазҳабӣ  дар динҳои ислом, масеҳият, яҳудият, ҳиндуизм, буддизм ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд.

Имрўзҳо ба мавҷудияти инсон хатарҳои зиёде, чун ҷангҳои миллию мазҳабӣ, мусаллаҳшавии давлатҳо бо яроқи қатли ом, гармшавии иқлими ҷаҳон, метеору астероидҳо, дуршавии моҳ таҳдид мекунанд. Дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 шадидтарин ҷангҳои миллию мазҳабӣ ва инқилобҳои синфӣ рух доданд, ки инсон ва табиат  ғорат ва истисмор гардиданд.  Буҳрони баҳри Қариб дар Куба солҳои 60-уми асри гузашта ҷаҳонро андаке монда буд ба ҷанги атомӣ гирифтор намояд. Дар Ховари Наздик ва Миёна бархўрди манфиати абарқудратҳо боиси ҷангҳои мазҳабӣ ва ташкил ёфтани гурӯҳҳои террористӣ гардидааст.

Ғайри бархӯрди манфиати абарқудратҳо эътиқоди динӣ ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи  ташкилотҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопок истифода карда мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳмӣ ва нооромӣ миёни одамон гардидаанд. Тӯли таърих дар ҷамъият одамон ҳеҷ гоҳ ба як дину як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба дину мазҳабҳои мухталиф дар бештари мавридҳо падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда, онҳоро муқобили ҳам ба сангарҳо кашидааст. Аммо воқеияти зиндагӣ тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқодҳо ва мансубияти қавмию нажодиашон бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо ваҳдату ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.

Инсон ба ҷаҳон маънӣ мебахшад. Шахс дар зиндагӣ бояд ҳадаф дошта бошад. Агар инсон ҳадаф дошта бошад,  пас зиндагияш маъно пайдо менамояд. Инсони комил худро муқобили қувваҳои ваҳшии табиат ва ҷамъият мегузорад.

Миёни ходимони дин шахсони босаводу мавқеи фаъоли шаҳрвандидошта кам нестанд. Аз ходимони дин, донишмандон, кормандони ба ин соҳа алоқаманди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани чеҳраи манфури терроризм, тундгароӣ ва ифротгароӣ, фаҳмонидани  мавқеи дин нисбат ба ин падидаҳои манфии ҷамъият аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ истифода бояд кард. Дар ҳар  хонадони  Тоҷикистон телевизор, рӯзномаю маҷаллаҳо, интернет дастрас мебошанд. Одамон ба ин восита огоҳӣ пайдо мекунанд, мавқеи давлатро мушаххас мефаҳманд ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ бо ин масъала низ «мусаллаҳ» мешаванд.

 

Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси МТС-и назди Президенти

Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Апрель 15, 2016 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд