Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ эълон гардидааст. Ин сана аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз баргузории Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ маълумот додан ба ҷомеаи васеъ доир ба саҳми авиатсияи гражданӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, инчунин дар бораи нақши беназири ИКАО дар муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳо барои эҷоди шабакаи ҷаҳонии нақлиёти баландсуръат барои расонидани хизмат ба тамоми инсоният мебошад.
— Авиатсияи гражданӣ соҳаи афзалиятнок ва калидӣ аст, ки ба қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронида шудааст. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, нисбат ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Он метавонад дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат шароити мусоид фароҳам орад.
Бо назардошти аҳамияти соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо дастгирӣ ва иқдоми Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсис фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
3 декабри соли равон зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима карда шуд.
Зимни он директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти мутобиқ гардонидан ба стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзо ба Конвенсияи авиатсияи граждании байналмилалӣ (Чикаго, 1944) таҳия гардидааст.
Ба лоиҳа бо мақсади пурраю равшантар ва оммафаҳм будани Кодекси фазои ҳавоӣ мафҳумҳои асосӣ ва моддаҳои нав дар мавзуи санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсия, фаъолияти вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионии назоратшаванда, нозирони авиатсионӣ, ҷалби мутахассисон ба гузаронидани фаъолияти сертификатсионию назоратӣ ва таъминоти тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ илова карда шуданд.
Ҳамзамон бо мақсади рушди соҳа 30 августи соли 2024 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд.
Тавре директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз дошт, «ҳадафи қабули Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвоз, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
«Пешвои миллат ба соҳаи авиатсияи граждании мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои тақвияти инфрасохтори ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон далели ин гуфтаҳо аст», — изҳор намуд директори агентӣ Ҳабибулло Назарзода.
Дар айни замон дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтаанд.
Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии авиатсияи гражданӣ дар мамлакат таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ насб гардиданд.
Яке аз онҳо низоми D-ATIS (Digital Automatic Terminal Information Service) мебошад, ки интиқоли автоматии иттилоотро оид ба шароити кунунии обу ҳаво дар фурудгоҳ, самт ва суръати шамол, ҳарорат ва ҳолати бинишро дар минтақаи фурудгоҳ тибқи меъёрҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин менамояд.
Фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тавассути ин таҷҳизот маълумоти дақиқро оид ба ҳолати фурудгоҳ барои фуруд ё парвоз пешниҳод менамоянд.
Истифодаи низоми D-ATIS имкон медиҳад, ки ҳаҷми кори танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ баланд бардошта шавад.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳааи авиатсияи гражданӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Густариши соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ гардидааст.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






