Решаи бунёдгароии исломӣ аз куҷо об мехурад?

Апрель 4, 2016 15:01

Нуқтаи назар

Душанбе, 04.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Дар замони муосир, ки дар натиҷаи равандҳои босуръат густаришёбандаи ҷаҳонишавӣ инсоният ба авҷи тараққиёти илму техника ва маънавиёту фарҳанг расидааст ва фаъолияти созандаву пўё дорад, мутаас­си­фона, ҷаҳони ислом дар вартаи ҷаҳлу ҷангу ҷидол гирифтор мебошад. Сиёсишавии ислом, раванди «бедо­рии исломӣ», пас аз солҳои 70-уми асри XX ба марҳилаи бунёдгароӣ (фундамента­лизм) ворид шуд, ки реша ва замина дар марҳилаҳои қаблии таҳаввули худ, дар шароити иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мусулмонӣ, самараи дилхоҳ надодани лоиҳаҳои гуногуни низоми исломии як қатор кишварҳо ва дахолати абарқудратҳои ҷаҳон дорад.

Раванди бунёдгароӣ дар тўли таърих бештар барои манфиатҳои сиёсӣ истифода шуда, самараи он ҳамеша нигоҳи ифротӣ ба тағйиру таҳаввул, пешрафту тарақ­қиёт, бидъат ва куфр эълон кардани ҳама гуна ақида ва назарҳои ғайр будааст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин самт ҳар яке аз фирқаву равия ва мазҳабҳои исломӣ худро дар роҳи дин содиқтар ва пайравони аслии паёмбари ислом медонанд.

Баррасии омилҳои афзоиши иттиҳом ба такфир, махсусан ва асосан дар миёни худи мусулмонҳо, таҳ­диди ақида ва ҳизбу ҳаракатҳои бунёдгарою ифротии ба ном исломӣ дар минтақа ва Тоҷикистон барои дарки дуруст, муносибати саривақтӣ ва ҷавоби зарурӣ барои пешгирии онҳо кўмак хоҳад расонд.

Такфир дар ислом муттаҳам намудан ба куфр (беимонӣ) мебошад. Маънои луғавии калимаи куфр дар забони арабӣ «пўшонидан» ё «ниҳон кардан» мебошад. Дар шариати исломӣ ин истилоҳ берун шудан аз имон ё надоштани имонро ифода мекунад. Он бештар нисбат ба худи мусулмонон истифода бурда мешавад, зеро ба ақидаи мусулмонон ҳар кӣ аз ислом нест, кофир аст, ҳатто агар аз аҳли китоб (яҳудӣ ва масеҳӣ) бошад. Аввалин сарпечӣ ва иттиҳом ба такфир ақида ва назари намояндагони хавориҷ буд ва онҳо дар ҳамин замина ба муқобили халифаи чаҳоруми мусул­монон Алӣ ибни Абўтолиб бархостанд ва ўро ба куфр муттаҳам карданд. Дар масъалаи нишонаҳои зоҳирии гузариши инсон аз имон ба куфр баҳс миёни фирқаву ҷараёнҳои мухталифи исломӣ хеле зиёд аст ва дар аксари мавридҳо назари онҳо хилофи ҳамдигаранд.

Аҳли суннат ва ҷамоат муътақиданд, ки мусулмони содиркардаи гуноҳи кабира кофир намешавад, балки мусулмони фосиқ маҳсуб меёбад. Онҳо танҳо касеро кофир медонанд, ки мункири Аллоҳ, нубувват, яъне яке аз паёмбарони дар Қуръону ҳадисҳо зикршуда ва худи Қуръон бошад. Мутобиқи ақидаи онҳо «амали мўъ­минон ба имонашон, ки зиёд ё кам мешавад, вобастагӣ дорад». Ҳамин тавр, ба иҷмои аксари уламои исломӣ куфр ба ду намуд – куфри акбар ва куфри асғар ҷудо карда шудааст. Намуди аввал бештар ба олами ақидатии инсон, намуди дуюм бошад ба амалу рафторҳои вай дахл дорад. Калимаи куфр, ки дар ин робита дар забони арабӣ истифода шудааст, бештар маънои носипосӣ ва гиромӣ надош­тани неъматҳои Худовандро ифода мекунад ва дар урфияти мо онро «куфрони неъмат» мегўянд.

Мутаассифона, амали такфир мисли маразест, ки қалби исломро аз дохил сироят кардааст, ки то имрўз идома дорад. Дар тўли таърихи ислом рўҳониёни мутаассиб, муҳтасибу миршаб ва муфтиву қозиҳои зиёде будаанд, ки ба амали такфир даст мезаданд ва бештар аҳли илму фарҳанг, озодандешону равшанфикрон ба ин иттиҳом рў ба рў мешуданд. Ҳатто замонҳое буд, ки мутаассибон дар даст асбоби махсус гирифта, ба ҳар касе, ки маъқулашон набуд, тамғаи кофириро бо оҳани сўзон дар бадани онҳо мезаданд. Ва агарчи тарзи амали онҳо тағйир ёфтааст, вале ҳанўз ҳам ҷаҳолат, ҳамоқат ва тамаъҷўӣ (утилитаризм)-и онҳо ҳамон аст, ки буд. Бидуни шубҳа даъвати аксари даъватгарон ба ислом ва исломгароӣ олуда ва ё омехта бо ҳадафҳои ба даст овардани мавқеияти сиёсӣ ё иқтисодӣ аст. Рўз аз рўз шумораи мусулмонон меафзояд, вале дар амал мо мебинем, ки ҳама ҳамдигарро ба куфру илҳоду бидъат муттаҳам мекунанд ва ин ҳама амалҳо ваҳдати мусулмононро аз байн бурдааст.

Амали такфириҳо дар замони муосир аз он сарчашма мегирад, ки дар ибтидо онҳо ҳокимон ва сарони давлатҳоро такфир мекунанд, сипас ба касоне ҳамла мекунанд, ки ошкоро ба муқобили онҳо мебароянд. Онҳо ба зиндаҳо иктифо накарда, даст ба тафтишу бознигарии осори уламои гузаштаи мусулмон мезананд ва ҳар нуктаеро, ки ба ақидаи онҳо мувофиқ набошад, пайдо намуда, онҳоро низ ба куфр муттаҳам мекунанд.

Дар сеяки охири асри ХХ дар тамоми ҷаҳон афзоиши щумораи гурўҳҳои динӣ, ки барномаҳои сиёсии ифротӣ доранд, ба мушоҳида расид. Маҳз дар ҳамин даврон масъалаи «бунёдгароии исломӣ» мубра­мият пайдо мекунад. Сиёсишавии шадиди дин, махсусан дар манотиқи густариши ислом дар партави хуруҷи худшиносии миллӣ ва мазҳабии халқҳои маскун дар ин минтақаҳо, ҳамчунин аз ҷониби гурўҳҳои алоҳидаи динӣ-сиёсӣ тарғиби мафкураи ифротӣ барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ хатари ҷиддӣ барои тамоми ҷомеаҳои ҷаҳонӣ буд.

Ба ақидаи мо, бунёдгароӣ тамоюлест, ки аксуламалҳои манфии доираҳои динӣ ба дунявият, ё худ эмансипасияи илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ аз динро инъикос мекунад. Тамоюли муқобили онро метавон модернизм номид. Дар муносибати мафкуравӣ созмонҳои бунёдгаро имрўзҳо барои «поксозӣ»-и ислом кўшиш ба харҷ дода, рўҳониёни расмиро ба «инҳироф» айбдор мекунанд ва гӯё барои бунёди ҷомеаи ормонии мусулмонӣ даъват ба амал меоранд. Ҳамин тавр, «бунёдгароии исломӣ»-ро метавон ҳамчун ҷараёни динӣ-сиёсие дар ислом номид ва бунёдгароён дар аксари мавридҳо барои дастёбӣ ба мақсадҳои сиёсиашон истифода аз усули ифротӣ ва зўриро ҷоиз медонанд.

Бунёдгароёни исломӣ мавҷудияти давлатҳои дунявӣ дар олами исломро шарри аслӣ меҳисобанд ва онҳоро барои ҳамкорӣ бо олами Ғарб муттаҳам мекунанд. Ба ақидаи онҳо ин давлатҳо бояд барои бунёди «хилофат» ҳамкорӣ намоянд. Барои ин кор онҳо роҳу воситаҳои гуногунро истифода мебаранд. Онҳо паҳн намудани ақидаҳои худро бо ёрии маблағҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз тариқи марказҳои таблиғ, таъсиси мактабу мадраса ва масҷидҳо ба роҳ мемонанд, адабиёти таблиғотӣ дастрас менамоянд, ба забонҳои гуногун шабакаҳои моҳворавии телеви­зио­ну радио созмон дода, шабу рўз андешаҳои ифротии худро тарғиб мекунанд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои омода намудани мусулмонони бунёдгаро ва ифротӣ нақши хеле калон мебозад. Гурўҳ­ҳои мавҷуда ба муқобили ҳукуматҳо доимо мубориза мебаранд ва бештари мавридҳо аз усули террор истифода мекунанд.

Хусусияти асосии бунёдгароии ифротии исломӣ дар замони муосир аз он иборат аст, ки пайравони он ба муқобили суннатгароён ва таҷдидгароён мубориза мебаранд. Суннатгароён ё рўҳониёни анъанавӣ барои ҳифзи исломе, ки дар давраҳои пешини ҳаёти мусулмонон, зери таъсири ниҳодҳо ва тасаввуроти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфтааст, истода­гарӣ мекунанд. Онҳо муқобили ҳама гуна тағйирот ҳам дар ҳаёти динӣ ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд ва дар аксар мавридҳо сиёсати низомҳои сиёсии давлаташонро дастгирӣ мекунанд. Таҷдидгароён ё модернист­ҳо бошанд барои мутобиқ намуда­ни меъёрҳои ислом бо талаботи пешрафтҳои ҷомеа кўшиш ба харҷ дода, ҷиҳатҳои кўҳнашудаи динро мехоҳанд сарфи назар намоянд ва ҷанбаҳои мубрами онро инкишоф диҳанд, то дар шароити нави таърихӣ рақобатпазир бошад.

Мутаассифона, солҳои охир самти либералии ислоҳи исломро ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди ташкилоти «Ихвону-л-муслимин», ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфт ва «Ҷамоати исломӣ»-и Мавлоно Абулало Мавдудӣ, ки соли 1941 дар Ҳиндустон ба вуҷуд омад, танг мекунанд. Дар чаҳорчўбаи ин ҳаракатҳо ташаккули идеологияи муосири бунёдгароии исломӣ ва заминаҳои муосири сиёсии он сурат гирифт.

Вобаста ба шиддат гирифтани муносибатҳои байналмилалӣ нақши ислом дар сиёсат, иқтисод, низоми қонун­гузорӣ, маориф ва тамоми соҳаҳои дигари ҳаёт дар мубоҳисаҳои ҷамъиятии тамоми кишварҳои арабию мусулмонӣ мавзўи доғу забонза­даи рўз гардидааст. Дар ин гуфтугузорҳо масъалаҳои фаъол набудани аксари ҳуку­мат­ҳои мусулмонӣ, нокомии иде­ологияҳои миллатгаро, навмедӣ аз арзишҳои ғарбӣ ва кўшишҳои муайянсозии ҳувияти худӣ бо лаҳни тезутунд баррасӣ меша­ванд.

Тамоюлҳои муосир нишон медиҳанд, ки таъсири омили исломӣ ба шаклгирии вазъи сиёсии минтақаҳои гуногун идома дорад. Ба тақвият ёфтани ин таъсир хусусияти буҳронӣ касб кардани вазъият дар Ховари Миёна гувоҳӣ медиҳад. Афзоиши омили исломӣ дар сиёсатро метавон дар равандҳои сиёсӣ ва этнофарҳангӣ дар шароити муборизаҳои шадиди мавҷуда дар Ироқ ва Сурия мушоҳида намуд.

Хулоса, мавҷудияти ҳаракат ва гурўҳҳои тундраву ифротгаро, махсусан дар заминаи бунёдгароии исломӣ ин хатари ҷиддӣ барои ҳар ҷомеа мебошад. Ифрот ва тафрит дар кадом заминае, ки набошад, ба манфиати кор набудааст ва нест.

Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳа­нафӣ аз ҳар гуна ифроту тафритҳо ва тундгароиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошанд. Бо пайдо намудани ҳавохоҳон ва тарафдорон ин гуна гурўҳу ҳаракатҳо, пеш аз ҳама, ба ваҳдати мазҳабии мардуми мо рахна ворид месозанд. Сониян, ин зуҳурот ба даст кашидан аз бисёр урфу одат ва маросиму анъанаҳои хоси миллати мо таҳдид хоҳад дошт ва ба ин тариқ ба ҳуввияти миллии мо низ зиён ворид месозад.

Чун ин падида, яъне зуҳури ҳаракату гурўҳҳои тундгаро ва ифротии динӣ бо мусоидат, дастгирии моддию маънавии доираҳои муайяни манфиатдор алоқамандӣ дорад, албатта, барои оромии сиёсии кишварҳо низ хатарнок аст ва як навъ фишанги таъсиррасонӣ аз ҷониби қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда метавонад.

Имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни ғайр бидуни мавҷу­дияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва дар навбати худ донишҳои динӣ дар чаҳорчўбаи мазҳаби суннатии мо – ҳанафия мебошад. Ҳамин буд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати андешидани иқдомҳо доир ба таъмини зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии огоҳона чандин бор таъкид гардид.

 

 

Виркан Музаффарпур, сармутахассиси Шуъбаи пажўҳиши исломи муосири

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 4, 2016 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми коркарди биҳӣ моддаҳои ғизоии он ҳифз карда мешаванд
КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон бахшида мешавад
24 ОКТЯБР-РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад
ОЗОДАПАЛАНГ-РАМЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯш бозгӯи поктарин экосистема доштани Тоҷикистон аст