Ташкилотҳои адвокатӣ боҷи давлатӣ месупоранд

Апрель 7, 2016 14:23

Душанбе, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон барои бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, барҳамдиҳии ташкилотҳои адвокатӣ, инчунин ворид намудан ба феҳрист ва гирифтани иқтибос аз феҳристи махсуси адвокатҳои кишварҳои хориҷӣ, гирифтани иқтибос аз феҳристи ягонаи адвокатӣ ва аз феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ маблағи боҷӣ давлатӣ рӯёнида мешавад.
Дар ин росто вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро қабул карданд.
Рустам Шоҳмурод Вазири адлияи кишвар зарурати ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро шарҳ дода гуфт, ки ин тағйирот бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ворид карда шудааст.
Мутобиқи моддаи 17-и қонуни мазкур тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва феҳристи махсуси адвокатҳои кишварҳои хориҷӣ, мутаносибан маҷмӯи маълумот дар бораи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳури Тоҷикистон ва адвокатҳои давлатҳои хориҷиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Апрель 7, 2016 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад