Таъсири интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик дар беҳтар намудани сиёсати идораи ҷангал
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлўҳои гуногун дошта, ниёз ба омўзиш ва таҳқиқоти бештар дорад. Ин нуктаро сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода зимни мулоқот бо намояндагони Лоиҳаи «Маркази тадқиқоти байналмилалии ҷангал (CIFOR)» Мартиус Кристофер, Падош Кристиан Анна ва Ҷоуди Ниедерҳаузер иброз дошт.
Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомўзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, риояи қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда сухан гуфт.
Мартиус Кристофер иброз намуд, ки ҳадаф аз сафари мазкур шиносоӣ ва муҳокимаи масъалаи таъсири интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик ба беҳтар намудани сиёсати идораи ҷангал бо намояндагони масъули Агентии хоҷагии ҷангал ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ин мулоқот намояндагони Лоиҳаи (CIFOR)-ро коршиносони Барномаи GIZ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои тақвият ва густариши ҳамкории минбаъда баён доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






