Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии наврасон соҳиби ҷои дуюм гардид
Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи ҷойи дувумро соҳиб шуданд.
Ин мусобиқа аз 24 то 29 –уми апрел баргузор шуд, ки дар он беш аз 600 варзишгари наврас аз 46 кишвар иштирок кард.
Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил буд: футболи хурд, волейбол, шиноварӣ, шоҳмот, теннис рӯи миз ва стрит-бол ё баскетболи 3х3.
Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар намудҳои футболи хурд ва баскетболи 3х3 ширкат карданд.
Дар натиҷа дастаи Тоҷикистон дар рақобатҳои футболи хурд дар гурӯҳи «А» бар дастаҳои Туркманистон бо ҳисоби 10:1, Олмон — 8:0 ва Осетияи Ҷанубӣ — 6:1 пирӯз шуда, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони навраси тоҷик дар чорякфинал бар дастаи Канада бо ҳисоби 11:3 ғолиб омаданд. Баъдан дар даври нимниҳоӣ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба финал баромаданд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони мо аз дастаи мизбон,- Русия- бо ҳисоби 1:2 мағлуб гаштанд ва зинаи дуввуми ифтихориро ба даст оварда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд
Дастаро мураббӣ Насим Набиев ба ин бозиҳо омода кардааст. Ба ҳайати даста Гурез Холов (дарвозабон), Ислом Зоиров, Эмомалӣ Аҳмадхон (капитан), Шӯҳрат Элмуродов, Азизбек Ҳасанов ва Ҳасанҷон Латипов шомил буданд.
Аз рӯи натиҷаи бозиҳо дастаҳо ба чунин тартиб ҷой гирифтанд:
Ҷойи 1-ум— Русия
Ҷойи 2-юм — Тоҷикистон
Ҷойи 3-юм — Қирғизистон
Ҷойи 4-ум — Туркманистон
Ҷойи 5-ум — Украина
Ҷойи 6-м — Юнон
Ҷойи 7-ум — Канада
Ҷойи 8-ум — ИМА
Ҷойи 9-ум —Осетияи Ҷанубӣ
Ҷойи 10-ум — Ирландия
Ҷойи 11-ум — Латвия
Ҷойи 12-ум — Литва
Ҷойи 13-ум — Олмон
Ҷойи 14-ум — Қазоқистон
Ҷойи 15-ум — Беларус
Ҷойи 16-ум — Туркия
Ҷойи 17-ум — Люксембург
Дастаи Тоҷикистон оид ба баскетболи 3х3 дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи ҷойи панҷумро соҳиб шуд.










ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ






