ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад

Ноябрь 23, 2026 08:49

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бозии дуюми худро дар Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар гурӯҳи «F» рақиби дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Хорватия хоҳад буд, ки дар оғози мусобиқа бо тими Сенегал мусовӣ (1:1) бозӣ кард.

Бозӣ дар майдони №9-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа соати 17:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол Ҷоми ҷаҳон-2026-ро муваффақона оғоз карда, дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ҳамсолони худ аз Кубаро  бо ҳисоби 5:3 мағлуб намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2026 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд