А. Ғоиб ва Э. Миллард тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуданд

Май 17, 2016 14:37

Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар/. Масоили таҳкими ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Амрико дар меҳвари мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб ва Элизабет Инга Миллард -Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон қарор дошт. Сардори мақомоти гумруки Тоҷикистон ба дипломати амрикоӣ доир ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, нақши онро дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Абдуфатоҳи Ғоиб бо дахли ҳамкории байналмилалии мақомоти гумруки кишвар афзуд, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Амрико дар самти таҳкими фаъолияти гумрукӣ бархурдор мебошад. Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Амрико ба мақомоти гумруки Тоҷикистон кумакҳо расонида мешаванд, ки он аз ироаи таҷҳизоту воситаҳои сайёри таъмини назорати гумрукӣ, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтории иншооти гумрукӣ ва баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ ба кормандони мақомоти гумрук иборат буда, ба баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ва фаъолияти босамари хизматӣ мусоидат менамояд.
Дар навбати худ дипломати амрикоӣ аз дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки дар оянда бо назардошти имконоти мавҷуда он тавсеа хоҳад ёфт.

Май 17, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд