Ҳайати СҲШ раъйпурсии умумихалқиро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кард

Май 23, 2016 14:21

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Ван Кайвэн, муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай-роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кард. Ин нукта зимни брифинги матбуотӣ, ки имрӯз бо иштироки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай дар толори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагиҳо, ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабарнигорон баргузор шуд, таъкид гардид.
Роҳбари ҳайати мазкур Ван Кайвэн изҳор кард, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо ба баргузории раъпурсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ анҷом дод. Аъзои ҳайати мушоҳидони СҲШ бо фаъолияти 78 участкаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб ва шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз наздик шинос гардида, ягон ҳолати вайрон гардидани тартибот ва қонунҳои ҷорӣ ба қайд гирифта нашуд.
Ҳайати мушоҳидони СҲШ иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат, аз ҷумла иштироки фаъолонаи ҷавононро мушоҳида карданд, ки ин аз дарки фаҳмиши баланди сиёсӣ ва масъулиятшиносии сокинони Тоҷикистон дарак медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати мушоҳидони СҲШ аз намояндагони  Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ҳамчунин аз Котиботи СҲШ иборат ёфта, дар маъракаҳои интихобот ва раъйпурсии кишварҳои аъзои СҲШ бе дахолат кардан ба ҷараёни ин маъракаҳо иштирок карда, натиҷаҳои онро шаффоф инъикос мекунанд.

Май 23, 2016 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст