Ғалабаи Бибисоро, Зиёда ва Нурзиё дар пойгаи аспдавонӣ

Май 17, 2016 18:22

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Зимни баргузории пойгаи аспдавонӣ, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Рашт баргузор гардид, дар қатори 104 нафар аспдавонон 10 нафар варзишгардухтарони чусту чолок низ иштирок карда, дар мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаи ҳазору 200 метр  Бибисоро Раҳимова, Зиёда Маҳмадтолибова ва Нурзиёи Саидаҳмад мутаносибан ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мушарраф гардиданд.
Дар миёни мардҳо аз ҳама пеш Шоҳрух Ятимов ба марра расида, ҷойи аввалро ишғол кард. Ҷойи дуюм ва сеюмро варзишгарон Рустам Ҷамилов аз ноҳияи Нуробод ва Ғаниҷон Иблоев аз ноҳияи Рашт ишғол карданд.
Мусобиқаи мазкур таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ поянда бод!» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳама сола 23 май ҷашн гирифта мешавад ва ба муносибати райъпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кишвар миёни ҷавонписарон ва ҷавондухтарони минтақаи Рашт баргузор гардид.
Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода,  раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода, сардори РВКД дар минтақаи Рашт Рустам Шафизода дар назди иштирокдорони мусобиқа суханронӣ намуда, ҳадафи баргузории мусобиқаро такон додан ба рушди варзиш, тақвияти солимии ҷомеа ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ маънидод намуданд.
Новобаста аз номусоидии боду ҳаво ҳазорон нафар дӯстдорони варзиш дар майдони мусобиқа ҷамъ омада, аз ҳунарнамоии ҷавондухтарону ҷавонписарони бо хушнудӣ истиқбол намуданд.
Ғолибони пойгаи аспдавонӣ бо нишон, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои шоиста мукофотонида шуданд.

Май 17, 2016 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад