Ҷамала ғолиби «Евровидение- 2016» гардид
Душанбе, 17.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Овозхони Украина Ҷамала дар даври ниҳоии озмуни конкурси суруд «Евровидение», ки дар Стокголм анҷом ёфт, сазовори ҷои аввал гардид.
Ҷамала дар ҷараёни овоздиҳии ҳакамон аз тамоми кишварҳои иштирокчӣ ҷои дуюмро гирифт. Ҷои аввалро ҳакамон ба намояндаи Австралия Dami In бо суруди Sound of Silence ва ҷои сеюмро ба овозхон аз Фаронса Амир Ҳаддод бо суруди Jai cherche сазовор донистанд.
Зимни овоздиҳии мухлисон Украина ҷои дуюм , овозхони Русия Сергей Лазарев бо суруди You Are The Only One — ҷои аввал, овозхон аз Лаҳистон Михал Шпак бо таронаи Color of Your Life — ҷои сеюмро гирифтанд. Овозхони Австралия сазовори ҷои чаҳорум гардид.
Дар маҷмӯъ Ҷамала бо 534 хол ғолиби озмун гардид. Сарояндаи Австралия 511 хол ба даст овард ва намояндаи Русия Сергей Лазарев соҳиби 491 хол гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






