Ҳамоиши хонандагон оид ба омӯзиши асарҳо
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» ҳамоиш доир гардид.
Хонандагон намоиши достони «Рустам ва Суҳроб», қироати порчаҳои шеъриро аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дар васфи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, намоиши рақс ва либосҳои миллӣ, инчунин баромадҳо аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади ба таври васеъ тарғиб ва муаррифии рушди соҳаҳои афзалиятноки давлатӣ, дастгириву тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, бо мазмуну муҳтавои ин асарҳо шинос намудани ҷавонон ва равона сохтани онҳо ба омӯзиши ин ду шоҳасар барпо шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






