Ҳар як сокини пойтахт дар шукуфоии диёр бояд саҳмгузор бошад!

Май 18, 2016 11:55

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Ҳафтаи сипаригардида дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонӣ ва хуррам гардонидани шоҳроҳу хиёбонҳо вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ бо сокинони Кооперативи моликони манзили №3-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллаҳои Шоҳмансур 1 ва Шоҳмансур 2 иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ оид ба дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки мо сокинон барои муҳофизати ин дастовардҳо ва  ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав дар ҳамбастагӣ бояд фаъолият намоем.
Инчунин зикр шуд, ки ҳар як сокини пойтахт чун фарди худшиносу худогоҳ дар шукуфоии диёрамон ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ бояд саҳмгузор бошад.

Май 18, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст