Ҷавонони фаъоли «Пешоҳанг» ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кумак расониданд

Май 18, 2016 11:25

Душанбе, 18.05.16. /АМИТ «Ховар»/.  18 май ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ба ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, ба сокинони маҳаллаҳои зарардида дар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ кумаки худро расониданд. Ҷавонону донишҷӯён паҳлӯ ба паҳлӯ ва бо дастгирии якдигар дар ободонии атроф ва тозакунии кӯчаву маҳал аз лойқаву сангу шағал саҳми худро гузоштанд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамзамон, зимни вохӯрӣ бо сокинон ҷавонон туҳфаҳои худро ба мардуми маҳалҳои зарардида, алалхусус ба наврасону хурдсолон тақдим намуданд.
Сокинони зарардидаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷавонону донишҷӯён барои ин иқдоми хайрхоҳона ва кумаки беғаразона изҳори миннатдорӣ намуда, хушҳол аз он буданд, ки дар партави сиёсати ободкоронаву сулҳхоҳонаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ мардуми кишвар дар рӯзҳои вазнин бо нишони ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба якдигар кумак мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли равон дар натиҷаи бориши аз меъёр зиёд оби дарёи Элок баланд шуда, бо омадани сел обу лойқаи он ба манзилҳои зисти ҷамоати деҳоти Зайнабобод, шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ва хоҷагии қишлоқи он хисороти зиёд расонид.

Май 18, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст