Ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ: Иштирок дар маъракаи сиёсӣ бароямон ифтихор аст

Май 22, 2016 16:31

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ дар комиссияи участкавии райъпурсии №16, ки дар Гимназияи№ 74 ноҳияи Фирдавсӣ  ҷойгир аст, ҷараён дорад.

То соати 15:00 аз 2044 нафар раъйдиҳандаи ба қайд гирифта шуда, 1560 нафараш овози  худро аллакай додаанд, ки ин 76 %-и раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 29 нафарашонро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки бори нахуст дар раъйпурсӣ ширкат меварзанд.

Марҷона Каримова мегӯяд: «Бисёр хурсандам, ки ман ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ ҳуқуқи иштирок карданро дар маъракаи сиёсӣ пайдо кардам ва ба хотири дар оянда ҳифз намудани амнияту озодӣ, таъмини рушди Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии халқамон овози худро додам».

«Ман Афсона Мақсудшоева ҳастам, иштирок дар раъйпурсии умумихалқиро қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, раъйи худро барои пешрафти кишвар ва зиндагии осудаи хеш додам ва бовар дорам, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд мегузарад».

Алишер Саидов, ҷавони дигари ин макони овоздиҳӣ чунин изҳор намуд: «Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро хеле хуб дарк менамоям ва барои ояндаи озоду ободии ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ва хушбахтии худ овоз додам. Итминон дорам, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷавонони кишварамон бо иштироки фаъол ва истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон  раъйи худро озодона ба қабули ин тағйиру иловаҳо изҳор менамоянд».

Манижа ва Таҳмина Султоноваҳо иброз намуданд, ки ба маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табъи болида омадаанд. «Иштирок дар чунин маърака бароямон ифтихор аст ва барои  сарсабзию шукуфоии сарзаминамон раъй додем», мегӯянд ҷавондухтарон.

Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ зиёда аз 4 миллион бюллетени овоздиҳӣ чоп карда шудааст.

Овоздиҳӣ, мувофиқи қонунгузории кишвар соати 6-и субҳ шурӯъ гардида, участкаҳои раъйпурсӣ соати 20-и шом баста мешаванд.

Май 22, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад