Ба сокинони маҳаллаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида кумакҳои амалӣ расонида мешаванд
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода аз деҳаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҷамоатҳои деҳоти Турсунзода ва Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд.
Зимни мулоқот бо сокинони деҳаҳои зарардида маълум гардид, ки шаби 11 ба 12 майи соли равон дар натиҷаи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод — деҳаҳои Адолат, Файзоба, Дарёобод, Садоқат, Комсомол -1, Комсомол-2 ва ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода, деҳаҳои Коргар, Ҳоҷиён, Элок, Истиқлол ва Косибон сел омада, тақрибан 2,5 ҳазор хоҷагӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери обу лой монданд.
Сокинони деҳаҳои зарардида дар вохӯрӣ ба сардори хадамот Тоҳир Каримзода иброз намуданд, ки худи ҳамон шаб даста ва гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, 800 нафар сокинон ба ҷойи бехатар кӯчонида шуданд. Бо сабаби он ки ҷараёни оби аз дарёи Элок беруншуда ба дигар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода низ паҳн гардид, ба хотири пешгирӣ кардан аз талафоти ҷонӣ боз 700 cокини деҳа ба дигар ҷо кӯчонида шуданд.
Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса 120 сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба сокинони ду ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ кумакҳои амалӣ мерасонанд. Дар ҷамоатҳои Зайнабобод ва Турсунзода комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, ҳаҷм ва дараҷаи хисоротро муайян намуда истодаанд. То имрӯз 406 хона аз муоина гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки 6 хона пурра ва 36 хона қисман, 195 иншооти ёрирасон зарар диданд. Дар ҷойи рахнашавии соҳили дарёи Элок корҳои соҳилмаҳкамкунӣ идома доранд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






