Ба тақвими бозиҳои футболи Лигаи олӣ тағйирот ворид шуд
Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳалаи навбатии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019 бо тими мунтахаби Бангладеш, ки рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва 7 июн дар Бангладеш мегузаранд, ФФТ дар тақвими бозиҳо тағйирот ворид кард.
Вобаста ба ин вохӯриҳои даври 8 аз 28 ва 29 май ба 18 ва 19 июн гузаронида шуданд.
Бозиҳои даври 9 мувофиқ ба тақвим 11 ва 12 июн сурат мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






