Ба зарардидагони сел қитъаҳои замин барои хона ҷудо шуданд
Дарвоз, 17.05.2016 /АМИТ»Ховар»/. Ба се оила аз деҳаи Зингҷамоати Қалъаи хум, ки бар асари ҷорӣ шудани сел манзилҳояшон комилан хароб гардиданд, дар деҳаи ҳамсояи Умараки ин ҷамоат барои бунёди хона қитъаи замин ҷудо намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин оилаҳо 3 тонна семент, маводи ғизоӣ, бо шумули орду равған, шакар ва асбоби рӯзгор кумак кард.
Гурӯҳе аз ҷавонони муқими пойтахти кишвар низ ба сокинони зарардида 2,5 ҳазор пули нақд, 20 халта орд ва либосворӣ интикол доданд.
Сардори бахши ноҳиявии ситоди фавқулодаи вилоят Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки бо истифода аз техникаи пуриқтидор ҳоло поксозии маҳали офатрасида идома дорад. Роҳи тахрибшудаи мошингард дар мавзеи Гулдараи ҷамоати Нулванд барои мошинҳои боркаш низ боз шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






