Биёед, китоб мехонем!

Май 20, 2016 16:21

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии «Биёед, китоб мехонем!» дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Қалъаи Хуҷанд» намоиши китобҳо аз ҷониби китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, китобхонаи бачагона ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуд.
Мақсади амалиёти мазкур ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигоҳдории китоб ва бар ин васила талқини онҳо ба одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар маҳфил аз ҷониби ҷавонон маҳфили Лоиқхонӣ ва барномаи фарҳангӣ ба зиёда аз 2000 нафар ҷавонон ва дӯстдорони китоб пешниҳод карда шуд.

Май 20, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад