Дӯкони саломатӣ дар «Боғи Ирам»
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ», ки таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дирӯз 23 май бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур инчунин намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» иштирок доштьанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо аз тарафи ин Марказ дар «Боғи Ирам» дӯкони саломатӣ ташкил шуд. Кормандони марказ ба ҷавонон маводи иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемориҳо тақсим намуданд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1998 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






