Дар Исфара ҷараёни раъйпурсӣ шаффоф аст
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Исфара чун дигар сокинон иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, аз субҳи барвақт раъйи худро дода истодаанд.
Дар комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Исфара № 27 то соати 10 63 ҳазору 184 нафар раъй доданд, ки 48,2 %-и шумораи умумии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Иқбол Тешаев, сардори маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар шаҳр 79 участкаи райъдиҳии ҳавзаи раъйпурсии Исфара №27 фаъол аст. Шумораи умумии аҳолии Исфара 257 ҳазору 227 нафар буда, шумораи раъйдиҳандагон 131 087 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 18 357 нафар дар муҳоҷират қарор доранд.
Бояд гуфт, ки имрӯз 2258 нафар ҷавонони шаҳр ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал дар чунин чорабинии муҳими сиёсӣ ширкат варзида, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода мебаранд.
Ба иттилои масъулини участкаҳои раъйдиҳӣ ҷараёни раъйпурсӣ шаффоф буда, ҳанӯз ягон қонунвайронкунӣ ба чашм нарасидааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






