Дар Ҳизби Адолат ва рушди Туркия раиси нав интихоб шуд
Душанбе, 23.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Раиси нави ҳизби Адолат ва рушди Туркия (ҲАР) вазири нақлиёт, боркашонии баҳрӣ ва коммуникатсияи Туркия Бинали Йилдирим интихоб гардид.
Дар анҷумани II ғайринавбатии ҲАР Туркия, ки дар Анқара баргузор гардид, дар раъйдиҳӣ оид ба интихоби раиси ҳизб, ки дар он 1 441 нафар аз 1470 вакилон ширкат варзиданд, барои номзадии Бинали Йилдирим 1405 вакил овоз доданд.
Бинали Йилдирим раиси сеюми ҲАР аст, ки асосгузори он Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуған ҳамчун як муассис аз соли 2001 то моҳи августи соли 2014 онро роҳбарӣ мекард. Сипас, ин мансабро Довутоғлу ишғол намуд, зеро Эрдуғон Президенти Ҷумҳурии Туркия интихоб шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






