Дар Кӯлоб Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот баргузор гардид

Май 17, 2016 12:01

Душанбе,17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як ҳафта дар шаҳри Кӯлоб Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи шоҳмот, аз қабили шоҳмоти маъмулӣ, фаврӣ ва барқвор байни мардону бонувон баргузор гардид.
Аз рӯи шоҳмоти маъмулӣ Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев аз вилояти Суғд, аз рӯи шоҳмоти фаврӣ Ашӯр Ёрмадов аз дастаи Хатлон-2 ва аз тариқи шоҳмоти барқвор Андрей Онишенко аз шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар мусобиқа ҳамчунин бонувони душанбегӣ Мутрибаи Ҳотамӣ ва Саодат Одинаева дар ҳамаи намудҳои бозиҳои мазкур ғолиб омада, чемпиони Тоҷикистон шуданд.

Май 17, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид