Дар Суғд интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад
Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. 17 июли соли равон дар ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 интихоботи миёнадаврии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои узви хориҷшуда баргузор мегардад. Дар ин росто 17 май дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ қарори марбута қабул гардид.
Тибқи ин қарор ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот иборат аз 11 нафар, инчунин нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи миёнадаврии узви палатаи болоии Парлумони кишвар ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 тасдиқ карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар курсии палатаи болоии Парлумони кишвар -Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи мазкур собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода менишаст. Мавсуф бо Фармони Президенти кишвар раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






