Дар вилояти Суғд маъракаи пилласупорӣ авҷ мегирад
Хуҷанд, 18.05.2016. /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла торафт авҷ мегирад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак дурнаморо сари вақт иҷро намоянд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар сараграноми идораи Пилла-и Суғд Қаҳрамон Ҷӯраев иттилоъ дод, кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 14 ҳазору 622 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд.
Дар ин замина, дар вилоят вобаста ба иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак аз даҳаи дуюми моҳи март то даҳаи аввали моҳи апрел ҷараён ёфта, ҳоло дар 12 ноҳияи вилоят парвариши кирмак идома дорад.
Шурӯъ аз 27 апрел дар се минтақаи вилоят- ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Б.Ғафуров супоридани ҳосили пилла оғоз гардид. То 17 май кирмакпарварони ноҳияи Конибодом ба хирмани давлат 74 тонна пилла супориданд, ки он ба 77% накша баробар аст.
Пиллапарварони ноҳияи Спитамен 82 тонна ё 67% ва ноҳияи Б.Ғафуров ба андозаи 67 тонна ё 41% накша пилла супориданд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят ин нишондод ба 293 тонна ё 45% баробар аст.
Ҳамчунин соли равон сарпарастии кирмакпарваронро ду ширкат- коргоҳи муштараки Тоҷикистону-Ветнам ВТ-Силк (кирмакпарварони 11 ноҳияро муттаҳид мекунад) ва ҷамъияти саҳомии Тоҷ-Силк (кирмакпарварони ноҳияи Спитамен) ба зиммаи худ гирифтаанд. Ҳоло ба як кило пиллаи супорида 10 сомонӣ нарх муайян гардида, чун пешпардохт ба ҳар як кирмакчӣ кумакпулӣ ба маблағи 50 сомонӣ супорида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, парвариш ва корҳои нигоҳубини агротехникии кирмакхобонӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳосилгирӣ аз ҳар як қуттӣ 45,8 кг-ро ташкил дода, беш аз 15 ҳазор сокинон ба ин кор машғуланд.
Ҳамчунин барои назорати риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо 237 мутахассиси соҳаи кирмакпарварӣ фаъолият доранд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






