Имрӯз бозии ниҳоии Лигаи Аврупо доир мешавад

Май 18, 2016 10:33

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯрии ниҳоии Лигаи Аврупо дастаҳои «Ливерпул»-и Англия ва « Севиля»-и Испания дар варзишгоҳи «Санкт-Якоб Парк»-и шаҳри Базел бо ҳидояти довар Йонас Эриксон (23:45) вориди рақобат мешаванд.
«Севиля» аз ин пештар ду маротиба солҳои 2014 ва 2015 пай дар пай ғолиби ин мусобиқа гардида,  имкон дорад бо ғалабаи навбатӣ дар ин поя рекорди нав гузорад. То ба ҳанӯз дар ин лига «Севиля» ҷамъ 4 маротиба соҳиби ҷом шудааст.
«Ливерпул» низ ба қатори дастаҳое шомил мешавад, ки дар мусобиқоти Ҷоми УЭФА арзанда ҳунарнамоӣ кардааст ва се маротиба  барандаи ин ҷом гардидааст, ки охиринаш ба соли 2001 рост меояд.
Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳаи футбол имконияти ғалабаи «Ливерпул» дар бозии имрӯза бештар аст. Кадом омилҳоро онҳо ба инобат гирифтаанд, ба касе рӯшан нест. Ба ҳар навъ интизор мешавем, ки кадом даста шоми имрӯз Ҷоми лигаи Аврупоро болои сар мебардорад.

Май 18, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид