КМИР 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намудааст
Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ беш аз 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.
Аз ин шумора 10 нафар мушоҳиди байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, 74 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва 33 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва 9 нафар аз корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки ҷараёни баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқиро, ки 22 майи соли равон доир мегардад, қариб панҷ ҳазор нозирони миллӣ мушоҳида намоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






