Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 2,5 ҳазор хоҷагиҳо зери обу лой монданд

Май 14, 2016 13:33

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар нишасти матбуотии роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории кумита бо ситод ва комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи маҳалӣ шаби 11 ба 12 майи соли равон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ қаблан огоҳ карда шуданд, ки сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, имконияти омадани сел вуҷуд дорад. Соати 3-40 дақиқаи шаби 11 ба 12 майи соли равон дар натиҷаи боронҳои бошиддат дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод-деҳаҳои Адолат, Файзоба, Дарёобод, Садоқат, Комсомол -1, Комсомол-2 ва ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода деҳаҳои Коргар, Ҳоҷиён, Элок, Истиқлол ва Косибон сел омада, тақрибан 2,5 ҳазор хоҷагиҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери обу лой монданд.

Худи ҳамон шаб даста ва гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, то субҳи 12-уми май 800 нафар сокинон ба ҷойи бехатар кӯчонида шуданд. Бо сабаби он ки ҷараёни оби аз дарёи Элок беруншуда ба дигар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода низ паҳн гардид, ба хотири пешгирӣ кардан аз талафоти ҷонӣ то соати 13-и рӯзи 12 май боз 700 нафар cокинони дигар кӯчонида шуданд.

Ҳоло дар ҷойи ҳодиса 120 нафар сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба сокинони ду ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ зери роҳбарии ситоди фаврӣ кӯмакҳои амалӣ мерасонанд. Дар ҷамоатҳои Зайнабобод ва Турсунзода комиссияҳои ҳолатҳои фавқулдода ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, ҳаҷм ва дараҷаи хисоротро муайян намуда истодаанд. То имрӯз 406 хона аз муоина гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки 6 хона пурра ва 36 хона қисман, 195 иншооти ёрирасон зарар диданд. Дар ҷойи рахнашавии соҳили дарёи Элок корҳои соҳилмаҳкамкунӣ идома доранд.

Хотиррасон мекунем, ки дар нишасти матбуотӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода, сардори раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд Камолов Ҷамшед ва сардори раёсати омӯзиши кумита Хуршед Гадоев иштирок карда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.

Май 14, 2016 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад