М. Имомзода: «Дар назди факултети филологияи тоҷики ДМТ ҳамасола маҳфили илмӣ-адабии «Лоиқхонӣ» ба роҳ монда шавад»

Май 19, 2016 15:55

Душанбе, 19.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва маҳфили «Зеҳн»-и ДМТ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон, адибону олимон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба истиқболи иди Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75- солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид.
«Устод Лоиқ яке аз тавонотарин, маҳбубтарин ва машҳуртарин шоирони замони муосир аст. Соли 2000-ум, вақте ки устод аз дунё гузашт, ҳамин гуна як абарқудрати адабиёт дар Амрико устод Нодир Нодирпур низ аз дунё гузашт, ки он сол барои барои адабиёти тоҷикӣ- форсӣ як соли фаромӯшнашаванда буд»,-чунин гуфт ректори ДМТ академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар маҳфил.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки: «Пешниҳод менамоям, ки аз ин ба баъд дар рӯзи таваллуди устод Лоиқ Шералӣ дар назди факултети филологияи тоҷики ДМТ ҳамасола маҳфили илмӣ- адабии «Лоиқхонӣ» ба роҳ монда шавад».
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зикр кард, ки «Адабиёт зиндагӣ аст, мисли зиндагӣ бардавом аст, мисли он пеш меравад, пастию баландиҳо дорад, мушкилиҳо дорад, комёбиву  нокомиҳо дорад ва боз мисли зиндагӣ аз давраҳо иборат аст. Лекин дар адабиёт намояндагон ва адибоне ҳастанд, ки бо ҳама бозёфтҳою навгониҳое, ки дар адабиёт овардаанд ва бо ҳама асарҳои мондагоре, ки аз худ ба ёдгор гузоштаанд, худ танҳо як давраи адабиётро ташкил медиҳанд ва ман гумон мекунам Устод Лоиқ аз зумраи ҳамин хел намояндагони адабиёти мо аст».
Дар маҳфили адабӣ адибону олимон Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадов, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Аламхон Кучаров ва дигарон  оид ба рӯзгору осори Лоиқ Шералӣ сухан гуфтанд.

Май 19, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид