Маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба талафоти ҷонӣ ва хисороти расида аз офатҳои табиӣ

Май 14, 2016 13:22

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба офатҳои табиие, ки рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои мамлакат ба амал омаданд, барои хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ бо иштироки роҳбарияти кумитаи мазкур нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода чунин иттилоъ дод: «Рӯзи 9 майи соли равон дар шаҳри Панҷакент соати 17-у 10 дақиқа бар асари омадани борони пуршиддат аз сойи Зебон сел омад, ки аз ҳама беш ба ҷамоати Халифа Ҳасан, деҳаҳои Шӯрча, Савр, Қӯштеппа, Шкат, Дашти Қозӣ, Кишттӯдак, Амондара, маҳаллаҳои Сойи мисрак, Зардолузор, майдонҳои кишт ва як қатор муассисаҳои шаҳри Панҷакент хисорот расонида шуд. Мутаассифона, дар натиҷаи офати табиии рӯйдода, сокини деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент Тошбой Хӯҷамқулов, соли таваллудаш 1960, дар селобаи сойи Зебон ғарқ гардид. Ҷасади Хӯҷамқулов аз тарафи сокинони деҳа рӯзи 10 май дарёфт шуд. Ҳамчунин 10 майи соли равон ду нафар сокинони ноҳияи Айнӣ низ дар натиҷаи омадани сел ба ҳалокат расиданд».

Тибқи ҳисоботи пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар натиҷаи офати табиии рӯзи 9-уми май ба 147 хонаҳои истиқоматии шаҳри Панҷакент селоба даромада, заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони сокинон хароб гардиданд. Мувофиқи санадҳои тартибдодашуда аз 20 хонаи истиқоматӣ 14 хона пурра ва 6 хона қисман вайрон шудаанд. Офати табиӣ ба иншооти муҳими хоҷагии халқи Панҷакент зарари ҷиддӣ расонидааст, аз ҷумла 27 км роҳи мошингард, 3 пул, 6 км хатти интиқоли неруи барқ, 7 адад трансформатор, 2 км хатҳои алоқа, 63 км каналҳои магистралӣ, 4 км селпарто, 1 истгоҳи насосӣ ва иншооти гидротехникӣ, 400 метр хатти оби нӯшокӣ ғайриистифода гардиданд. Дар маҷмӯъ 603 га майдони кишт, боғу токзор, 76 га замини наздиҳавлигӣ, 146 сар чорво, аз ҷумла 21 сар чорвои калон ва 127 сар чорвои майда нобуд гардиданд. Дар ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел 40 сар чорвои калону хурд талаф ёфтанд.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода изҳор намуд, ки рӯзҳои 9-10 майи соли равон бар асари шамол ва боришоти борон болопӯши бомҳои хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва хизматрасонии иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Гулистон, Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристони вилояти Суғд зарари ҷиддӣ диданд.

Баробари сар задани офати табиӣ ситоди доимоамалкунанда ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафнамоии офати табииро сафарбар намуда, рӯзи 11 май аз тарафи кумита ба зарардидагони шаҳри Панҷакент даҳ номгӯй маводи зарурӣ, мисли хайма, кӯрпаву болишт, фонус, зарфи обгирӣ ва дигар ҷиҳози рӯзгор ба 41 оила расонида шуданд.

Май 14, 2016 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд