Мулоқоти муфид доир ба раъйпурсӣ дар қисми низомӣ

Май 18, 2016 08:45

Хуҷанд, 18.05.2016. /АМИТ Ховар/. 17 май дар яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд мулоқоти муфид оид ба баргузории раъйпурсӣ ва маҳфуми он доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят бо ҳамдастии роҳбарияти қисми низомии 2939-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Тавре ки ба АМИТ Ховар сармутахассиси шуъбаи мазкур Роҳатхон Усмонова иттилоъ дод, дар вохӯрӣ  намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти вилоят Р.Умарзода, раиси комиссияи участкаи интихоботии №64  А.Розиқов, роҳбарони қисми низомии номбурда ва беш аз 50 нафар сарбозони қисми низомӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокдорон  оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ мусоидат мекунанд.

Май 18, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд