Мусобиқа ба хотири таҳкими неруи зеҳнии кӯдакону наврасон
Хоруғ, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғи ВМКБ бо ширкати хонандагони макотиби таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни ДДХ сабқат аз намуди шоҳмот доир гардид, ки мақсади он таҳкими неруи зеҳнии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва аз корҳои зишту номуносиб дур кардани онҳо мебошад.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳр Қиёмиддин Баҳриддинзода зимни тақдими ҷоизаи асосӣ ва ифтихорномаву мукофотҳои хотиравӣ ба ғолибон изҳор намуд, ки пешрафт ва ояндаи дурахшони кишвари мо аз мутахассисони сатҳи олӣ, ҷавонони оқилу доно ва ватандӯсту ҷонфидои миллат вобаста аст.
Зикр шуд, ки ҷавонон ҳар қадар бештар ба омӯзиши илму дониш машғул гарданд ва ҷисму рӯҳи худро тақвият бахшанд, ҳамон қадар дар кору зиндагӣ бештар муваффақ мегарданд.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ барои амалӣ сохтани орзую омоли ҷавонон аз ҳама имконоти хеш истифода хоҳад кард.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






