Намояндагони мӯди Тоҷикистон маркетингро меомӯзанд

Май 18, 2016 09:42

Душанбе, 18.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Бозоршиносон (маркетологҳо), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ дар як давраи омӯзишии дурӯза доир ба бозорёбӣ (маркетинг) дар саноати мӯди замонавӣ иштирок мекунанд. Давраи омӯзишии мазкур имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, онро ширкати маъруфи русӣ  «Fashion Consulting Group» дар доираи  лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор мекунад.
Ҳадафи давраи таълимӣ тақвияти дониши иштирокдорон доир ба васила ва роҳҳои муваффақи бозорёбӣ дар саноати мӯди замонавӣ буда, иштирокдорон оид ба тарзи дурусти роҳандозии тиҷорат дар саноати мӯд, тарҳрезии рушди тиҷорат бо назардошти имконияту чолишҳои худӣ дар муқоиса бо рақибон, стратегияи нархгузорӣ ва роҳҳои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ  маълумот мегиранд.
Ануш Гаспарян, муассис ва мудири тиҷоратии  «Fashion Consulting Group»,  ки давраи мазкурро ба намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон таълим медиҳад, мегӯяд: «Технологияҳои бозорёбӣ василаҳои асосии ба роҳ мондани соҳибкорӣ маҳсуб мешаванд. Ҳар як ширкат бояд доир ба мавқеъ ва мақоми худ дар бозор ва заъфу нерумандиҳояш маълумоти комил дошта бошад, то муваффақона рақобат карда тавонад. Дар ин давраи омӯзишӣ мо ҳамчунин доир ба тамоюл ва равандҳои иҷтимоӣ дар саноати мӯд, ба монанди таъсири ҷаҳонишавӣ ва фановариҳои нав, тағйироти тасаввуроти гендерӣ, арзишҳои нав доир ба масъулиятҳои муҳитзистӣ ва сиҳатии кормандон ҳарф хоҳем зад. Нақша дорем, то фарқият миёни брендҳои люксу олӣ ва бозори омро нишон дода,  масоили боло бурдани нуфуз ва обрӯи ширкат тавассути брендсозӣ, ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ, тиҷорати онлайн ва муҳиммияти расонаҳои хабариро низ мавриди баррасӣ қарор диҳем».

Май 18, 2016 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст