Нериё Аминов Тоҷикистонро ватани аслии хеш ҳисоб мекард
Душанбе, 23.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29 майи соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 100-солагии ҳунарманди мумтози сабки «Шашмақом» Нериё Аминов барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагони «Шашмақом» баргузор мегардад.
Саҳми Нериё Аминов дар рушди мусиқии суннатии тоҷикон-«Шашмақом» басо назаррас аст. Ӯ бо шеваи фаҳмову возеҳ ва услуби хос анъанаҳои шашмақомхониро идомаю такмил бахшидааст. Дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик суруду таронаҳои мавсуф, аз қабили «То боди сабо», «Чи донӣ», «Зулфи парешон», «Гиря», «Хубрӯён», «Насруллоӣ», «Шаҳноз», «Даромади ушшоқ» даҳсолаҳост садо дода, хотири мухлисони ин санъати асилро шод мегардонад.
Нериё Аминов аз зумраи саршиносони санъати касбии мусиқии тоҷик ба ҳисоб рафта, қариб тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардуми Тоҷикистон намудааст. Ӯ аз 80 соли умри худ 60 соли онро дар Тоҷикистон гузаронида, онро ватани аслии хеш ҳисоб мекард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид






