Оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.
Дар километри 47-уми шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олиқадр, сарони кишварҳо ва ҳукуматҳоро истиқбол гирифт.
Нахуст дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 омада, бо калидҳо мурватҳоро ба такягоҳ тоб доданд. Сипас бо пахши тугмаи рамзӣ татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 расман оғоз гардид. Баъдан дар ҳамин ҷо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз рӯйи лавҳаи омодакарда ҳозиринро бо масири интиқоли неруи барқ тибқи лоиҳаи CASA-1000 шинос кард.
Пас аз оғози татбиқи лоиҳа роҳбарони кишварҳои иштирокчии татбиқи ин лоиҳа бо сокинони шаҳри Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ва дигар фаъолони ҷумҳурӣ мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар маросими оғози татбиқи лоиҳа инчунин ҳайатҳои расмии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмонони олимақомро барои ташриф ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иштироки онҳоро дар оғози татбиқи лоиҳаи муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ фоли нек номид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид дошт, ки маросими имрӯзаи оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000 барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкории воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин оид ба оғоз ва аҳамияту афзалияти лоиҳаи CASA-1000 Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксон андешаронӣ карданд.
CASA-1000 аввалин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад.
Ин тарҳ норасоии неруи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардидааст.
Ин тарҳ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бобати содироти неруи барқи изофагӣ дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад кард.
Дар назар аст, ки фурӯшандагони неруи барқ — Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳҳои май — сентябр то 5 миллиард киловат соат, аз ҷумла 3 миллиард киловатт соат Тоҷикистон ба харидорон — Афғонистон ва Покистон таҳвил хоҳад кард.
Татбиқи лоиҳаи CASA-1000 аз гомҳои нахустинест дар раванди амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо ва мувофиқаҳои муштарак бо мақсади таҳкими робитаҳои коммуникатсионӣ ва инфрасохторӣ миёни кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки минбаъд барои рушду шукуфоӣ ва саодату осудагии мардумони онҳо мусоидат намуда, барои иқдомҳои минбаъда дар ин самт замина хоҳад гузошт.
Маблағи умумии лоиҳаи CASA-1000 1 миллиард доллар арзёбӣ мегардад. Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ба миқдори 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб мекунад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Дар назар аст, дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати 500 киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хатти баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз шавад.