Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд

Ноябрь 10, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-и ноҳияи Сино суҳбат намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. Он мувофиқи талаботи хизматӣ ва бо шароити мусоиди корӣ сохта шудааст. Маҷлисгоҳи васеи бино дорои 240 ҷойи нишаст буда, барои баргузорсозии ҷаласаҳои корӣ ва машғулиятҳои соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Синфхонаҳо ва толорҳои таълимии бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Ҳамчунин ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ободонии гирду атроф таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар саҳни бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидааст.

Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд.

Бунёди чунин бинои замонавӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои худро боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино як зумра нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ба истифода додани бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 10.11.2025

Ноябрь 10, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон