Паҳлавонони тоҷик аз Қазоқистон бе медал баргаштанд

Май 17, 2016 13:57

Душанбе,17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо, ки аз 13 то 15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, ба нокомӣ дучор шуданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ гӯштингир — Фарҳод Раҳимов, Сафарбек Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ карданд.Танҳо Саидҷалол Саидов натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯ дар вазни то 100 кило баъди ду пирӯзӣ бар варзишгари Қазоқистону Гурҷистон Нурум Салимҷепеев ва Александр Заалишивили дастболо шуд ва ниҳоят аз паҳлавонони Маҷористон Миклос Сирҷеникс ва Соиб Қурбонов аз Узбекистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар варзишгари Филиппин Кодо Накано пирӯз шуд, вале баъдан аз Ҷасим Боттию аз Белгия мағлуб гашт.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Звиад Гоготчурии гурҷиро мағлуб кард, вале дар даври баъдӣ аз варзишгари Словения Михаел Зганк ноком шуд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал қувваозмоиро ба Йерҷан Шинкеев (Қазоқистон) бохт.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 396 варзишгар аз 83 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, дзюдочиён инчунин барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳо ба даст оварданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Фаронса бо се медали тилло ва ду медали биринҷӣ мақоми аввалро касб кард.
Дастаи мунтахаби Гурҷистон бо ду медали тилло ва ду медали биринҷӣ дуюм шуд.
Тими мунтахаби Куба бо ду медали тилло ва як медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт.

Май 17, 2016 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад