Пешвои миллат ба наздикони кушташудагон дар оромгоҳи Маскав изҳори ҳамдардӣ намуд
Душанбе, 18.05.16./АМИТ «Ховар»/. Ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз тарафи гурӯҳҳои авбош дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Маскав ба ҳалокат расидаанд, ба Ватан интиқол дода шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, 18 май бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва идораву сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ ҷасадҳои Ризоев Иноятулло Қаноатович, соли таваллудаш 1978, Хушаков Суҳроб, соли таваллудаш 1994, Собиров Сайнуриддин, соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғун ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди тафтиш қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






