Роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хум барои мошинҳои мусофирбар боз шуд

Май 14, 2016 11:17

Дарвоз, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боришоти шадиди шаби 11 ба 12-уми май ва ярч дар километри 291-уми шоҳроҳи Душанбе-Кўлоб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма Қароқурум (мавзеи Гулдара)-и ҳудуди ноҳияи Дарвоз як қисмати роҳ комилан вайрон гардида, ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ қатъ гардида буд.
Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартараф кардани оқибати офати табиӣ дар ҳайати Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода ва дигар шахсони масъул дар  фурсати кўтоҳтарин ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҷалби тамоми сохтору идораҳои роҳсозӣ ба кор шурўъ намуданд. Ширкатҳои роҳсозии Чину Эрон, ки дар бунёди қисмати роҳи Шўрообод-Шоҳон фаъолият доранд, ба барқарор намудани қитъаи вайронгардида ҷалб карда шуданд.
Аз ҷониби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон комиссияи вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Нуралӣ Риоев дар ҳайати раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Сайидбурҳони Саидраҳмон, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят Дусталӣ Худоёров, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят Муҳаммадҷон Ширинҷонов ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ дар ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, бо ҷалби техникаи пуриқтидори роҳсозӣ барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибати офати табиӣ ба кор шурўъ карданд.
Бартарафкуни оқибати офати табиӣ зери назорати катъии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон сурат гирифта, хушбахтона, бо ҷаҳду талоши роҳсозони ватанӣ ва ҷалби ширкатҳои роҳсозии эронию чинӣ роҳ дар ин мавзеъ соати 22:00 шаби 13 ба 14-уми май кушода шуд.
Аввалин мошинҳо тавассути ин роҳ ҳам ба шаҳри Душанбе ва ҳам ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат намуданд.
Ҳоло ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути ин мавзеъ таъмин аст. Корҳои барқарорсозӣ дар ин қитъаи роҳ бомаром идома дошта, роҳсозон кўшиш бар он доранд, то дар кўтоҳтарин фурсат онро ба меъёри байналмилалии роҳсозӣ мутобиқ намоянд.

Май 14, 2016 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд