Суғд: Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-асоси пешрафти ҷомеа мебошанд

Май 22, 2016 12:34

Хуҷанд, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 22 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  барои иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии №36, участкаи раъйдиҳии №68, воқеъ дар бинои мактаби умумии №13 ҷамоати Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, ҷонибдории худро аз тариқи овоздиҳӣ баён дошт.
Раиси вилоят зикр кард, ки имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 25-умин марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ, пешравиву рушдро бо қадамҳои устувор тай намуда истодааст. 25 сол дар назди таърих фосилаи тӯлонӣ нест, аммо Тоҷикистонро бо мақоми ваҳдату сулҳофарӣ, таҳаммулгароиву заҳматкашиҳои содиқонаи мардумаш кишварҳои олам шинохтаву эътироф кардаанд.   Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар шавад. Итминон дорам, ки дар Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ  мардуми овозадори вилоятамон бо иштироки фаъол ва истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон  раъйи худро озодона ба қабули ин тағйиру иловаҳо изҳор намуда,  ба ин васила боз як қадами устувор дар рушди минбаъдаи диёри азизамон хоханд гузошт.
Бояд гуфт, ки дар участкаи мазкур 2973 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 38 нафар бори аввал дар раъйпурсӣ ширкат доранд. То соати 7-и субҳ наздик ба 300 нафар раъй доданд, ки ин аз фаъолнокии иштирокдорон дарак медод.
Дар умум, тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, имрӯз, 22 май мутобиқ ба рӯйхатгирӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси вилоят 1 миллиону 370 ҳазор нафар сокинон дар 18 ҳавза ва 923 участкаи интихоботӣ дар раъйдиҳӣ ширкат хоҳанд намуд, ки аз он 40 ҳазор нафари онҳо бори нахуст овоз медиҳанд.

Май 22, 2016 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад