Таъсиси Комиссияи муштарак оид ба ҳалли масоили вобаста ба қазияи Хованское

Май 18, 2016 08:58

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барои расонидани мусоидати зарурӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қазияи қабристони Хованское осеб дидаанд, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз ҳисоби кормандони Сафорати ҶТ дар ФР, Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар ФР, намояндагии ВКД ҶТ дар ФР ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР, намояндагиҳои ҳавопаймоии Сомонэйр ва Тоҷикэйр Комиссияи муштарак оид ба ҳалли масоили вобаста ба ин қазия таъсис дод. Дар давоми рӯзҳои 14-16 майи соли равон аъзои комиссияи мазкур дар беморхонаҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри  Маскав, ки дар онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд, фаъолият намуданд.
Дар натиҷаи ин задухӯрд 21 шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои шаҳри  Маскав расонида шуданд. Аъзои комиссияи муштараки Сафорат бо захмбардоштагон вохӯрӣ намуда, бо вазъи саломатии онҳо шинос гирдиданд. Айни ҳол дар беморхонаҳои шаҳри  Маскав тақрибан 10 шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ мебошанд ва боқимонда шаҳрвандон баъд аз расонидани кумаки тиббии аввалия ҷавоб дода шудаанд. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми хизматрасонии тиббии лозимӣ расонида шуда истодааст.
Баъд аз  задухӯрди оммавӣ дар қабристони «Хованское»-и шаҳри  Маскав 14 майи соли 2016 аз ҷониби кормандони мақомоти полис қисме аз муҳочирони меҳнатие, ки дар ин ҷо кор мекарданд, боздошт ва ба шуъбаҳои полиси минтақа оварда шуданд.  Барои муайян кардани шахсият, санҷиши ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва даст доштан дар задухӯрд ба шуъбаҳои корҳои дохилии минтақа дар маҷмӯъ 110 нафар шаҳрванди ҶТ оварда шуданд.
Зимни санҷишу пурсиш аъзои Комиссияи муштараки Сафорат бо муфаттишони Кумитаи тафтишотӣ ва Раёсати кофтукофи ҷиноии шаҳри  Маскав пайваста дар тамос буда, бо мусоидати  ин кормандон аз 110 нафар шаҳрванди боздоштшуда 87 нафар озод шуда, нисбат ба 20 нафар парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Бинобар надоштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият 3 нафар ба Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ интиқол дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни бозпурсӣ нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуд. Раванди тафтишот воқеъбинона ҷараён дорад.
Комиссияи муштараки Сафорат барои ҳарчи зудтар фиристодани ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан низ бо мақомоти дахлдори Россия ҳамкорӣ намуда, тадбирҳои зарурӣ андешиданд.
Ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон шаби 17 май бо хатсайри Тоҷик эйр ба Душанбе оварда шуданд.

Май 18, 2016 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд