Тими мунтахаби Тоҷикистон ба бозии муқобили Бангладеш омодагӣ мебинад
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили тими Бангладеш шурӯъ намуд.
Футболбозони тоҷик шоми дирӯз аввалин машқи худро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом доданд. Ба ҳайати васеи даста ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳо ба муқобили тими Бангладеш 29 бозингар — 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд.
Дар рӯйхат се легионер — дарвозабони «Олой»-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари тими «Газовик»-и Оренбург Фарҳод Восиев ва ҳамлагари дастаи «Динамо»-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки 26 май дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо тими Бангладеш бо мунтахаби легионерҳои бошишгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Бозии аввали тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар Варзишгоҳи миллии «Бангабанду» дар Дакка соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






