«Тоҷиксодиротбонк» пардохти маблағҳои муштариёнро оғоз кард

Май 23, 2016 09:27

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки чанд рӯзи охир мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.  Аз ин пас муштариён имкон доранд аз бинои Сарбонк дар доираи меъёри муайян маблағҳои худро дарёфт намоянд.
Маъмурияти муваққатии «Тоҷиксодиротбонк» бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 18 маи соли равон дар бонки мазкур маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъйин намуд.
Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Май 23, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст